А. Наимӣ: «Зарари молиявии шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ барқарор шуд»
Душанбе, 3.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Дар соли 2015 мавриди гузаронидани тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, санҷиши фаъолияти 583 идораву ташкилоти буҷетӣ зарари молиявиро ба маблағи 42,4 млн. сомонӣ муайян намуд, ки аз ин 32,7 млн. сомонии он барқарор шуд». Ин нуктаро Аламхон Наимӣ, муовини аввали директории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон зарари молиявиро ба маблағи 17,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла буҷети вилоятӣ 1 млн. 891 ҳазор сомонӣ, минтақаи Кӯлоб 5 млн. 553 ҳазор сомонӣ, ноҳияи А.Ҷомӣ 5 млн. 770 ҳазор сомонӣ, шаҳри Сарбанд 453,5 ҳазор сомонӣ, ноҳияҳои Қубодиён 1 млн. 162 ҳазор сомонӣ, Данғара 730 ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ 582 ҳазор сомонӣ, Панҷ 380 ҳазор сомонӣ ва Ховалинг 459,0 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Суғд зарари молиявӣ ба маблағи 14 млн. 538 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла буҷети шаҳри Конибодом 1 млн. 533,4 ҳазор сомонӣ, ноҳияҳои Зафаробод 3 млн. 990 ҳазор сомонӣ, Айнӣ 3 млн. 965 ҳазор сомонӣ, Б. Ғафуров 3,0 млн. сомонӣ ва Спитамен 2,0 млн. сомонӣ, дар ВМКБ зарари молиявӣ ба маблағи 2 млн. 280 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Мурғоб 720 ҳазор сомонӣ, Ишкошим 513,5 ҳазор сомонӣ, Шуғнон 383 ҳазор сомонӣ ва Роштқалъа 664 ҳазор сомонӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарари молиявӣ ба маблағи умумии 5 млн. 423 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ҷиргатол зиёда аз 1,4 млн. сомонӣ, Тоҷикобод 1 млн. 75 ҳазор сомонӣ, Шаҳринав 1 млн. 70 ҳазор сомонӣ ва Файзобод 1,7 млн. сомонӣ, дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зарари молиявӣ мутаносибан ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ ва 555 ҳаз. сомонӣ ошкор шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






