Адибони ҳавзаи Наврӯз аз Панҷакенту Дарвоз боздид хоҳанд кард

Февраль 12, 2016 11:23

Душанбе, 12.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Интизор меравад, ки меҳмонони Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯз дар Тоҷикистон доир мегардад, ба шаҳри бостонии Панҷакент сафар карда, оромгоҳи падари шеъри форсӣ, сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат намоянд. Ҳамзамон иштирокдорони ин чорабинии фарҳангии сатҳи баланд ба ноҳияи Дарвоз сафар намуда, аз осорхонаи шоири шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат боздид хоҳанд кард. Ба ифтихори Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз нусхаи филми «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз» барои меҳмонон дар шакли фита (СD) омода мегардад. Дар доираи баргузории ин ҳамоиш намоиши асарҳои рассомон ва намоиши китобҳо ташкил мешавад.
Мавриди зикр аст, ки 19 марти соли равон дар Душанбе Симпозиуми илмии байналмилалӣ оид ба Наврӯз ва 20 март дар «Кохи Борбад»-и Душанбе Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мегардад, ки ба ин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ адибон, олимону муҳақиқони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват гардидаанд.
Дар ин росто барои дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинии фарҳангӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маҳфилҳои шеъру адаб, шабнишиниҳои наврӯзӣ бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик ва ҷаласаҳои илмӣ доир ба мақоми Наврӯзро гузаронад. Инчунин Вазорати фарҳанги кишвар дар ҳамкорӣ бо Анҷумани «Пайванд» муваззаф шудаанд, ки нашри китобҳои ашъори шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро ба роҳ монанд.
Бояд тазаккур дод, ки идеяи баргузории Ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон соли гузашта зимни мулоқоти анъанавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар аз ҷониби шоираи шинохтаи тоҷик -Гулрухсор Сафиева пешниҳод гардид.

Февраль 12, 2016 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид