Айнӣ: Мулоқот доир ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат
Айнӣ, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боз ҳам пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Айнӣ бо ҷалби гурӯҳҳои тарғиботӣ дар маҳалҳо бо ҷавонон ва собиқадорон вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуданд.
Дар вохӯриҳо дар доираи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ҷавонон суҳбатҳои судманд доир шуданд. Ҷавонон низ амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротиро маҳкум намуда, зикр карданд, ки мо ҷавонон сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳуриро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем.