Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Февраль 3, 2016 10:56

Душанбе, 3.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Аз 2 то 5 феврали соли равон дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок дорад.
Дар ҷаласа мавзӯъҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва котибони шӯроҳои амният пешниҳод мешаванд, инчунин масъалаҳои васеъшавӣ ва дигар масъалаҳои ҷории фаъолияти созмон мавриди муҳокима қарор доранд.
Ҳамоҳангсозони миллӣ ҳамчунин дар чорабинии расмӣ бахшида ба фаъолият шурӯъ намудани Котиби генералии СҲШ — намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Олимов ширкат хоҳанд кард.
Дар доираи иштирок дар ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз ҷараёни корҳои ороиш ва омода намудани толори “Душанбе” дар бинои котиботи СҲШ дидан кард.

Февраль 3, 2016 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна