Ҳалокати се нафар дар садамаҳои нақлиётии ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров
Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-10-уми феврал ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», сокини 37-солаи шаҳри Чкалов, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Конибодом-Ғафуров», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Портер» таҳти идораи сокини 35-солаи ноҳияи Спитамен бархурдааст. Дар натиҷа мусофири мошини «Опел-Астра» сокини 49-солаи шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Инчунин ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», ронандаи мошини тамғаи «Портер» ва мусофири мошини «Портер» сокини 27-солаи ноҳияи Спитамен ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», сокини 43-солаи шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Конибодом-Ғафуров», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёва ба мошини тамғаи «Лексус», ки ба сокини 31-солаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон тааллуқ дорад, бармехурад. Дар натиҷа мусофирони дохили мошини «Опел-Зафира», зани 19-сола ва марди 46-солаи ноҳияи Конибодом ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.