Ҳамоиши кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- 19 феврали соли равон бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ваҳдат вохурўии гурўҳи кории Вазорати маориф ва илм ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо омўзгорону кормандони соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврўз Ҷаъфаров, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, сардори раёсати илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ Шоҳин Саидов, доктори илми ҳуқуқ, профессори ДМТ Убайдулло Азизов ва номзади илми ҳуқуқ, дотсенти ДМТ Анвар Сафаров вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона шудаанд ва зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.