Анҷумани минтақавӣ бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ
Қайроқум, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-26-27-уми феврал дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд дар заминаи Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад.
Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагон, дастгирии рушди савдои берунӣ, тақвият бахшидан ба равобити хориҷӣ ва байниминтақавӣ гузаронида мешавад.