Аввалин сафари кории сафири ИМА ба минтақаҳои Тоҷикистон
Қургонтеппа, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар) -Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард аввалин сафари худро ба минтақаҳои Тоҷикистон аз вилояти Хатлон оғоз намуд.
Субҳи имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сафири тозатаъйини ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард вохӯрд. Зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳо дар самтҳои гуногун суҳбат карданд. Зикр гардид. ки лоиҳаҳо дар бахши кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот, таъминот бо об ва ҳифзи саломатӣ зарурати бештар доранд.
Сафири ИМА гуфт, ки сафарҳои корӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ба вилояти Хатлон имконият медиҳанд, то ӯ бо фаъолияти лоиҳаҳо аз наздик шинос шавад.