Балҷувон: Хизматрасонӣ ба нафақагирон аз тариқи кортҳои пластикӣ роҳандозӣ мешавад
Балҷувон, 09.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Балҷувон барои ба анҷом расонидани вазифаҳои хизматии хеш фаъолият намуда, дар соли 2015 ба ҳамаи нафақагирон малблағҳои нафақаашонро сари вақт пардохт кардаанд.
Дар шуъбаи агентии ноҳия беш аз 1800 нафақагир ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти кормандони шуъбаи агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия дар соли 2016 мувофиқи нақша хизматрасонӣ ба нафақагирон аз тариқи кортҳои пластикӣ ба роҳ монда мешавад ва дар ин самт аллакай корҳо оғоз гардидаанд.