«Барқи Тоҷик» 622,1 млн.кВт.соат зиёд энергияи барқ истеҳсол кард

Февраль 4, 2016 16:49

Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 390,1 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 622,1 млн. кВт.соат зиёд аст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо Иброҳим таъкид кард.
Бино ба гуфтаи Исмоилзода Мирзо ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар неругоҳҳои барқи обии ширкат ба 14 млрд. 81,0 млн. кВт.соат, дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 301,8 млн. кВт.соат ва дар неругоҳҳои барқӣ обии хурди таҳти назорати ширкати “Барқи Тоҷик” ба 7,3 млн. кВт.соат баробар шуд.
“Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 284,7 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба соли гузашта дар ҳаҷми 167,5 ҳазор Гкал зиёд мебошад”,-илова намуд раиси “Барқи Тоҷик”.

Февраль 4, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд