Баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар шаҳри Норак
Норак, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо мақсади шарҳ додани лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот баргузор гардид.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Муҳаммад Сафолзода, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Шарифӣ Фирўза, раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, прокурори шаҳр Абдусатторзода Умедҷон, инчунин Ҳасани Муродиён, доктори илмҳои филологӣ, профессор, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа сухан ронда, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд ва доир ба Паёми навбатии Президенти кишвар, аз ҷумла масъалаҳои солимии ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ҷалби насли наврас ба касбомӯзӣ ва илм сухан гуфтанд.