Бо пешниҳоди Президент аъзои нави КМИР интихоб шуд

Февраль 15, 2016 14:26

Душанбе, 15.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо пешниҳоди Президенти кишвар вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се аъзои нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуданд. Инҳо Муродзода Дӯстмурод Ҳаит -раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низом Қосим пури Ҷаҳонгир -раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошанд.
Интихоби аъзои нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар дар ҳолест, ки 22 майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Февраль 15, 2016 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид