Боздошт шудани шаҳрвандони Қирғизистон дар вилояти Суғд
Душанбе, 05.02.2016 АМИТ «Ховар») — Зимни ҷараёни се амалиёти кормандони мақомоти амнияти миллӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар ҳудуди вилояти Суғд зиёда аз 16 кг маводи нашъаовар ёфт ва мусодира гардид.
Тавре ки аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар иттилоъ доданд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд се ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва фаъолияти ҷинояткоронаи афроди нашъаҷаллоб барбод дода шуд.
23-юми декабр шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон Мамитов Бекзод Раимҷанович, соли таваллудаш 1988, сокини вилояти Ботканд, шаҳри Қизилқия, кӯчаи Кулатов, хонаи 227 ва Муҳаммадҷон Уғли Искандар, соли таваллудаш 1997, сокини вилояти Ботканд, ноҳияи Қадамҷой, кӯчаи Ҷани-Айл, хонаи 58, ки тавассути нуқтаи назорати гузаргоҳи сарҳадии «Арқа» ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудаанд, бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боздошт гардиданд. Зимни азаназаргузаронии пинҳонгоҳи махсус дар кӯчаи Дӯстии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 килограмму 625 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳангоми амалиёти дигар муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҷабов Сафар Фурқатович бо шаҳрванд Ғафоров Искандар Имомович дар бораи хариду фурӯши 3 кг. воситаи нашъадори афюн маслиҳати пешакӣ анҷом дода, маводро дар хонаи аммаи Раҷабов Сафар — Маҳмадиева Ҳоҷимоҳ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 5, хонаи 75 пинҳон намуд, вале ба ҳадафи ҷиноятӣ нарасид. 24-уми декабр 3 кг афюн аз суроғаи болозикр дарёфт ва мусодира гардид.
Рӯзҳои 26-ум ва 27-уми декабри соли равон кормандони мақомоти амнияти миллӣ аз манзилҳои зисти шаҳрвандон Абдуҳалим Баротов, дар суроғаи ноҳияи Б.Ғафуров, кӯчаи Урунхоҷаев 395 грамм ва аз хонаи Моҳшариф Алиева, воқеъ дар ноҳияи Зафаробод, кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи №21 8 килову 600 грамм маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд. Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки ин миқдор маводи нашъадор ба ҷияни Моҳшариф Алиева — Олимов Шамсиддин Саъдуллоевич тааллуқ дошта, охирин бо мақсади ба даст овардани даромади муфт маводи мухаддирро дар хонаи холааш пинҳон намудааст.
Ҳоло нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон Мамитов Бекзод Раимҷанович, Муҳаммадҷон Уғли Искандар, шаҳрвандони ҶТ Раҷабов Сафар Фурқатович, Ғафоров Искандар Имомович, Олимов Шамсиддин Саъдуллоевич ва Баротов Абдуҳалим Абдуҳакимович дар асоси моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Аз оғози соли 2015 кормандони КДАМ ҶТ дар маҷмӯъ беш аз 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира намудаанд, ки зиёда аз 260 килограмми онро маводи сахттаъсири героин ташкил медиҳад.








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






