Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд

Февраль 23, 2026 21:30

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.

Тавре аз ин вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода доир ба ғамхорию дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба низомиёни шарафманди меҳан ёдовар шуд.

«Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин муддат бо дастовардҳои беназир дар таҳкими қудрати мудофиавии давлат, омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам ва омода будан ба таъмини мудофиавӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми назаррас гузоштаанд. Имрӯз ин сипари боэътимод ва таъминкунандаи сулҳу субот, яъне Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-сола шуд», – изҳор дошт Эмомалӣ Собирзода.

Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ ҳамчун такягоҳи сулҳу субот дар ҷомеа мавқеи устувор дошта, дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳимояи арзишҳои конститутсионӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар ҷараёни ҳамоиш афсарони Вазорати мудофиа ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба хизматҳои масъулиятноки низомиёни мамлакат ва рушду камоли Артиши миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.

Зимни ҳамоиш хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ бо Ифтихорнома, Раҳматнома ва медалу туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ғолибони мусобиқаи танкронӣ ва дигар чорабинию мусобиқаҳои ҳарбӣ–варзишӣ, ки ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат доир гардида буданд, бо Ҷоми мусобиқа, медал, Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2026 21:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид