Бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар Қайроққум
Қайроққум. 19.02.2016. (АМИТ “Ховар”).- Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврўз ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Қайроқум чанд иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” роҳбари маркази иттилоотии раиси шаҳр Рустами Одизода хабар дод, ба истиқболи иди аҷдодӣ- Наврӯз дар қаламрави “Баҳри тоҷик”-Қайроққум 4 иншоот аз ҷумла, хонаи истиқоматии панҷошёнаи дорои 66 ҳуҷра, бинои истиқоматӣ бо нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ, маркази савдо ва корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои чоркунҷа ва доирашакл мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.