Бунёди коргоҳи истеҳсолии рангубори риштаҳои пахтагин дар Ёвон
Ёвон, 02.02.2016. (АМИТ “Ховар”).- Сохтмон ва таҷҳизонидани коргоҳи истеҳсолии рангуборкунии риштаҳои пахтагини Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди » Ваҳдат » — и ноҳияи Ёвон дар арафаи анҷомёбист. Тибқи иттилои раиси ҷамъияти мазкур Бобохуҷа Мирзоев дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳ он дар як шабонарӯз 6 тонна риштаро ранг мезанад ва барои пурра кор кардани он 50 нафарро дар соли 2016 ба кори доимӣ қабул менамоянд. Инчунин муддати 5 сол аст, ки 3 мутахассис аз Ҷумҳурии Мардумии Чин барои омӯзонидани ҷавонони тоҷик дар коргоҳи мазкур кор мекунанд. Мушкилоти асосӣ барои таъсис додани чунин корхонаҳо, ки бо таҷҳизоти нави электронӣ бояд фаъолият намоянд-ин нарасидани кадрҳои баландихтисос мебошад,-мегӯяд Бобохуҷа Мирзоев.