Чорабинии варзишӣ бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Душанбе, 22.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми феврал бо ибтикори Вазорати мудофиа дар толори варзишии Кумитаи андоз байни рӯзноманигорони васоити ахбори омма ва низомиён аз рӯи 4 намуди варзиш, аз қабили футболи хурд, дастхобонӣ, варзиши сабук ва бандкашӣ мусобиқа доир гардид.
Дар мусобиқа дастаи рӯзноманигорон бо либосҳои сурх ва дастаи низомиён бо либосҳои кабуд вориди сабқат шуданд. Дастаи низомиён дастаи рӯзноманигоронро аз намуди футболи хурд бо ҳисоби калони 6:1 шикаст дод, аз намуди варзиши дастхобонӣ бошад, дастаи рӯзноманигорон сазовори ҷойи аввал гардид. Аз намудҳои бандкашӣ ва варзиши сабук бошад, дастаи низомиён сазовори ҷойи аввал ва дастаи рӯзноманигорон сазовори мақоми дуюм гардиданд. Дар охир ҳарду даста бо туфаҳои Вазорати мудофиа қадрдонӣ шуданд.











Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад






