Даҳаи синфҳои ибтидоӣ дар шаҳри Хуҷанд

Февраль 17, 2016 10:57

Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар аввали моҳи феврал дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 шаҳри Хуҷанд «Даҳаи синфҳои ибтидоӣ» гузаронида шуда, байни хонандагони синфҳои 3 ва 4 озмуни «Беҳтарин донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ» барпо гардид, ки довталабон аз рӯи панҷ шарт: муаррифнома, ифоданок хондани шеър, хониши ифоданоки матни додашуда, посух оид ба таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва имлои грамматикаи забонҳои русӣ ва англисӣ қувваозмоӣ намуданд.
Аз байни хонандагони синфи 3 аз фанни забони русӣ Қутбиддинӣ Миҷгона, Олимҷон Собитов, аз забони англисӣ Амир Амонов, Назира Масобирова ба гирифтани унвони «Беҳтарин донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ» ва лентаи фахрӣ ноил гардиданд.
Иштирокдорони фаъоли озмуни «Беҳтарин донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ» Наргис Валиева, Абдуҳамид Шокиров, Манижа Авезова, Манижа Ҷалилова, Сарвиноз Азимҷонова, Дилноза Алиева, Мавлуда Мамадҷонова, Мадҳия Юнусова бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Февраль 17, 2016 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»