Дар Брюссел муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардиданд
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Брюссел 15 феврали соли равон вохӯрии дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро муҳокима карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон изҳори назар намуданд.
Мусоҳибон муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, доир ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки баргузории он 16 феврали соли равон дар назар аст, мубодилаи афкор намуданд.
Ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раисии вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Берт Кендерс баргузор хоҳад шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ мекунад.








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






