Дар Хатлон 22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

Февраль 3, 2016 08:23

Душанбе, 3.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз тарафи соҳибкорон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон соли 2015 244 биною иншоот ва корхонаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бо сарфи 318,3 миллион сомонӣ сохта шуда, ба ин васила беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам омадааст.
Ба иттилои С. Мусоев, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон, дар миқёси вилоят 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 435,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин лоиҳаҳо асосан ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, об, ирригатсия, энергетика, коммуналӣ ва нақлиёт марбутанд.
«Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 59 лоиҳаи сармоягузорӣ доир ба таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, коркарди пахта, пашму пӯст ва дигар иншооти дорои хусусияти истеҳсолӣ таҳия намуда, барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд», — афзуд С. Мусоев.
Аз ин ҳисоб 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 9,8 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт ва лоиҳаҳои дигар мавриди омӯзиш қарор доранд.
Соли 2015 бо истифода аз ҳамкории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди вилоят 129,8 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб шудааст.

Февраль 3, 2016 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд