Дар Хуҷанд хариди 19 нақлиёти партовкашонӣ дар назар аст
Хуҷанд, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Чанд сол аст, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади беҳтар намудани таъминоти сокинон бо оби нӯшокӣ ва сифати хизматрасонии идораи партовкашонӣ лоиҳаи Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд амалӣ мегардад.
Ҳоло марҳилаи якуми лоиҳаи беҳтар намудани сифати хизматрасонии КВДК Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ ба охир расида, нимаи якуми соли равон оғози марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур дар назар аст. Дар доираи он дар соҳили чапи шаҳр гузоштани 100 қуттии партов ва хариди боз 19 нақлиёти партовкашонӣ пешбинӣ гаштааст.