Дар Конибодом истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми кори табибон манъ мешавад
Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ, ки дар беморхонаи марказии шаҳр баргузор гардид, ба маъмурияти сохтори бистарикунонӣ дастур дод, ки минбаъд муҳлати фаъолияти мудирони шуъбаҳо панҷ сол муқаррар шуда, истифодаи телефонҳои мобилӣ зимни фаъолият манъ карда шавад.
Дар мулоқот шаҳрдор фаъолияти кормандони соҳаро мавриди таҳлил қарор дода, аз камбудиву норасоиҳо ва муаммоҳо ҳарф зада, аз ҷараёни фаъолият дар аксари шуъбаҳои беморхона изҳори нигаронӣ намуд. Ҳамчунин натиҷаи назарсанҷии афкори шаҳрвандон, хунукназарии бархе аз табибон нисбат ба беморон, сатҳи пасти интизоми меҳнат, дуруштмуомилагӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар мавриди он ошкоро сухан рафт.