Дастурамал барои тарғиботчиён дастрас мегардад
Душанбе, 13.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дастурамалеро аз нашр баровард, ки дар он тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан шарҳ дода шуда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳ дода шудааст. Дастурамали мазкур ба кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва тарғиботчиёни сиёсӣ ройгон тақсим мешавад. Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйироти Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.