Файзобод: таваҷҷуҳ ба рушди соҳибкорӣ
Файзобод, 05.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бо иштироки раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва кормандони дастгоҳи раиси ноҳия нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Раҷабзода Миралӣ иброз дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 109 фоиз иҷро гардид.
Зикр шуд, ки дар ноҳияи Файзобод ба рушди соҳибкорӣ, дастгирии соҳа ва ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободонию созандагӣ диққати зарурӣ зоҳир гардида, аз тарафи соҳибкорон Алиҷон Очилов корхонаи истеҳсоли шарбати мева ва Фазлиддин Холов корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокӣ дар деҳаи Сарой ба истифода дода шуданд.