Кумитаи забон номгузории эълону рекламаи ташкилоту муассисаҳоро санҷид
Душанбе, 3.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Соли 2015 78 номгузорӣ, эълону рекламаи ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар иртибот ба риояи муқаррароти моддаҳои 13, 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифт.
Барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни санҷишҳо нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 санад, 5 огоҳӣ ва 4 протокол, дар ноҳияи Шоҳмансур 41 санад, 5 огоҳӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ 5 огоҳӣ тартиб дода шуд”,-иброз намуд раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Гавҳар Шарофзода дар идома зикр кард, ки санҷиш ва омўзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Дар асоси фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо намояндагӣ аз прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳи кории муштарак таъсис дода шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






