Хатлон: Фестивал-озмуни гулчини сурудҳои ватандӯстона
Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бахшида ба 23-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 январ дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қурғонтеппа Фестивал-озмуни вилоятии гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз» байни сарбозону афсарони қисмҳои низомии тобеи вилоят, донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ баргузор гардида, дар он сарбозону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҳунарнамоӣ намуда, дар васфи Ватану модар, истиқлолият, ваҳдату сулҳ ва дӯстӣ суруду таронаҳо суруданд.
Мақсад аз баргузории ин фестивал баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон ва ба ин васила, сиёсати давлатро вобаста ба масъалаҳои таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва ихтисосу ҳунарҳои замонавӣ дар амал татбиқ намудан аст.
Дар охир иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.