Хатлон: Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардӣ аст

Февраль 22, 2016 10:17

Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар толори хониши оммавии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардӣ аст» бо хонандагон суҳбат ва вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят ва гурӯҳи афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва оркестри нафасии комендатураи гарнизони назди комиссариати ҳарбии вилоят бо роҳбарии Абдуназар Салимов иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ ба хонандагон дар бораи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардида, китобдорон ба китобхонаи қисми низомии 07\ 256 50 маҷаллаву 20 китоби тозанашр ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Дар охир оркестри нафасии комендатураи гарнизони назди комиссариати ҳарбии вилоят барномаи консертиро пешниҳод намуданд, ки ба ин чорабинии фарҳангӣ шукӯҳи тоза бахшид.

Февраль 22, 2016 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»