Хатлон: «Мо посбони ватанем»
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- «Афсарон-ҳомиёни Ватан»-таҳти чунин унвон ба муносибати 23-солагии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон дар Осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» аз 2 то 19 феврал маҷмӯи чорабиниҳои маърифатӣ доир гардиданд.
Ба иттилои масъулини осорхона, чорабиниҳо, вохӯрии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо афсарони эҳтиётӣ, дидору мулоқоти муҳассилини коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ бо кормандони комиссариати ҳарбӣ дар мавзӯи намудҳои қӯшунҳои ҳарбӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин бо мусоидати маъмурияти осорхонаи вилоятӣ вохӯрии сарбозону афсарон бо хонандагони мактабҳо ва кӯдакистонҳо дар мавзӯи «Артиши миллӣ-рукни давлатдорӣ» ва «Мо посбони ватанем» баргузор гардид.