Хушунат моли ислом нест!

Февраль 2, 2016 17:50

Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Терроризму даҳшатафканӣ аз бузургтарин хатарҳое маҳсуб мешаванд, ки имрӯз пешорӯи башарият қарор гирифтаву дастандаркорони он бо мақсади ҳадафҳои гурӯҳӣ ё фардӣ пайваста даст ба аъмоли хунин мезананд. Ҳарчанд чунин падидаи номатлуб тӯли таърих ҳамеша мавҷуд будаву инсоният аз оқибатҳои бади он огоҳ аст, аммо дар чанд соли охир ифротгароиву терроризм дар шаклҳои тозае зуҳур карда, ба мушкилоти аввалиндараҷаи сайёра мубаддал гардидааст. Дар асл ҳеҷ як давлатеро наметавон пайдо намуд, ки ин зуҳуротро маҳкум накунад ва ё бо ҳар роҳ бар муқобили он мубориза набарад. Аммо коршиносон бар он боваранд, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди қудратҳо ва дар маҷмӯъ кишварҳои олам терроризму ифротгароӣ ҳамоно чун доғи сиёҳе дар пешонии асри 21 боқист.
Гурӯҳу равияҳои иртиҷоӣ ё шахсони алоҳида ҳамеша барои даст задан ба террор баҳонаҳои мухталиф доранд. Агар дар гузашта унсурҳое? ба мисли қабилагароӣ, таассуби нажодӣ ва амсоли он боиси ифроту тафрит мегардид, дар чанд даҳсолаи ахир ин раванд то андозае ба худ хусусияти динӣ касб намудааст. Гурӯҳҳои тундгаро бо истифода аз дин, махсусан дини мубини ислом, ки таълимоташ аслан чунин кирдорро маҳкум намудаву бар муқобили ҳама гуна зулму истибдод аст, таблиғоти густардаи худро ба роҳ монда, дар ниқоби дин ғояҳо ва ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи худро пиёда месозанд.
Ҳоло дунё хатари бузурги терроризму ифротгароиро ба хубӣ дарк ва эътироф намудаву тадбирҳои шадиди амниятиро дар ин самт ба роҳ мондааст. Барои мисол, бар зидди “хилофат”-и худхондаи “Давлати исломӣ” эътилофҳо ташкил гардидаву муборизаи беамон мебаранд. Аз як сӯ Русия, аз сӯи дигар Бритониёву Фаронсаву Амрико ва дигар қудратҳои ҷаҳонӣ бо яроқҳои муосир муборизаи васеъро ба роҳ мондаанд. Аммо вақт нишон медиҳад, ки роҳи ҳалли раҳоӣ аз чунин хатар ва бӯҳронҳои идеологӣ танҳо татбиқи амалиёти ҳарбӣ ё тадобири амниятӣ нест. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар ин бора зикр намуд: “Таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард”.
Дарвоқеъ, ҳузури чандинсолаи неруҳои низомии НАТО ва Амрико дар Афғонистон, ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001-ум дар Амрико, суқути тайёраи Русия дар роҳ аз Қоҳира, таркишҳои ахири пойтахти Фаронса ва даҳҳо ҳодисаҳои нохуши дигар дар кишварҳои абарқудрат далели гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда метавонад. Пас, маълум мегардад, ки агар мушкил танҳо мушкили амниятӣ буд, пас кишварҳои дар боло зикршуда бо чунин иқтидори бузурги мудофиавӣ чаро натавонистанд аз чунин ҳодисаҳои фалокатбор пешгирӣ намоянд?
Бо назардошти нуктаҳои мазкур метавон ба хулоса расид, ки терроризму ифротгароиро бояд соири кишварҳои ҷаҳон ба сифати бӯҳрони идеологии ҷаҳонӣ шиносанд ва тадбирҳои судмандеро дар ин самт ба роҳ монанд.
Табиист, ки барои пиёда намудани ҳадафҳои гурӯҳию инфиродии равияҳои тундгаро ҷавонон метавонанд ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам аз лиҳози ақлонӣ нақши калидӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, ҳоло гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ аз технологияи муосир фаровон истифода мекунанд. Яъне, ин гурӯҳҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо усули мағзшӯӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба бархе ваъдаи пулу мол ва ба бархеи дигар ваъдаи “савоб”-у “биҳишт”-ро медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар он боваранд, ки қисми зиёди ҷавонон бо истифода аз номи дин ва Худову паёмбарон аз сӯи ифротиён мавриди мағзшӯӣ қарор мегиранд ва далели инро ҳузури садҳо тан аз сокинони Аврупо дар сафҳои гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” арзёбӣ мекунанд, зеро онҳо ба сарватҳои моддӣ ва пулу мол камтар эҳтиёҷ доранд ё аслан эҳтиёҷе надоранд.
Дарвоқеъ, ҷои таассуф аст, ки дар чанд даҳсолаи охир ҳар гурӯҳи ифротие, ки зуҳур карда, аз худ хабар дод, худро “исломӣ” хондаву аз дини ислом сӯйистифода мекунад. Пас, чун ҳар равия ё ҷараёни ифротӣ худро “намояндаи ислом” муаррифӣ менамояд, табиист, ки ба сафи худ ҷавонони мусулмонро ҷалб мекунад ва ин падида боиси доғдор гардидани дини мубини ислом дар арсаи ҷаҳонӣ мешавад.
Сӯйистифодаи дини мубини ислом аз ҷониби ҳизбу равияҳои ифротӣ дар ҳолест, ки Худованд дар ояти 42-юми сураи “Шӯро” мефармояд: “Ҷуз ин нест, ки роҳ(-и маломат) бар он касоне аст, ки ба мардум зулм мекунанд ва дар замин ноҳақ фасод металабанд; барои онҳо азоби дарддиҳанда аст”.
Дарвоқеъ, он хислатҳоеро, ки дар ояи карима зикр шуд, дар рафтору кирдори гурӯҳҳои ифротӣ метавон ба хубӣ пайдо намуд. Маҳз он гурӯҳҳоеянд, ки ба мардуми осоишта зулму ситамро раво мебинанд ва ҳатто мусулмононро бо сахттарин азобҳо муҷозот мекунанд. Дар ҳоле, ки Қуръони карим ҳаргиз ба куштор, махсусан қатли мусулмон иҷозат намедиҳад.
“Ва ҳар ки мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст” (Сураи Нисо, ояти 93).
Яке аз ҷанбаҳое, ки дини мубини ислом ба он аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, ин муҳаббату ғамхорӣ доштан нисбат ба волидайн аст. Ҳатто Худованд дар Қуръони карим мақоми падару модарро пас аз ибодати Худо вогузор кардааст.
“Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш [дигаре]-ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ!”.
Аммо ҳодисае, ки ахиран дар шаҳри Раққаи Сурия рух дод ва боиси вокуниши ҷиддии кишварҳои олам гардид, бори дигар чеҳраи манфури ифротиёну ирҳобиён ва алоқаманд набудани андешаву амали онҳоро ба дини мубини ислом собит намуд.
Дар шаҳри Раққа яке аз террористон модари худро дар назди издиҳоми халқ оташ зада, ба ҳалокат расонид ва сабаби ин амали худро ба зиддиятҳои модар дар робита ба иртиботи писараш бо ифротиён тавъам донист. Пайдост, ки ин гурӯҳ то чӣ андоза аз таълимоти дини мубини ислом ва умуман меъёрҳои инсондӯстиву раҳму шафқат дуранд.
Ин нукта дар осори мутафаккирони тоҷику форс низ борҳо зикри худро ёфтааст. Чунончи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ваҳдатро асоси таълимоти исломӣ медонад:
Зинда ҳар касрат зи банди ваҳдат аст,
Ваҳдати муслим зи дини фитрат аст.
Дониёр Шарифов,
мудири бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Февраль 2, 2016 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд
«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вобаста ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тақвият мебахшад
Пагоҳ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд