Иқтисодшинос- адиби номдор
Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ Ховар).-«Водии сабзи сухан»-чунин ном дорад, маҷмӯаи ашъори Дӯстмурод Ӯроқов, ки тариқи нашриёти «Ирфон» дастраси хонандагон гардид. Дар китоб силсилаи шеърҳо ва як достони олими шинохтаи иқтисодиёт, профессор, нависанда ва шоир Дӯстмурод Ӯроқовро дар бар мегирад. Дӯстмурод Ӯроқов устод, олим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Арбоби илму техникаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи иқтисодии Авруосиё,узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Дар радифи комёбиҳо ва тозакориҳо дар ҷодаи илм ва рушди адабиёти муосири тоҷик низ Дӯстмурод Ӯроқов хизмати арзанда дорад. Доираи васеи хонандагони тоҷик китобҳои насрии ӯ «Қиссаҳои марғуби зиндагӣ», «Мерган», «Овора», «Моҳин ва Шоҳин», «Меҳрона», «Муҳофиз» ва«Ҳисори зарнисори ман»-ро гарм пазируфтанд.
Ин марди пуркору ғайратманд дар назм низ дастовардҳо дорад ва як силсила шеърҳояшро қаблан дар китоби «Тӯшаи дил» пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонида буд.