Конфронси илмӣ- оммавӣ: «Омилҳои тамоюли ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ » дар КМТ
Душанбе, 02.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 3-юми феврали соли равон дар ошёнаи 3-юми Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ- оммавӣ таҳти унвони «Омилҳои тамоюли ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» (дар ҳошияи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар конфронс Сайфиддин Назарзода, директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон сухан ронда, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмои ҶТАбдураҳмон Маҳмадов дар мавзӯи «Омилҳои бегонапарастӣ- таҳдид ба манфиатҳои миллӣ», Наҷмиддин Салимов, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати ҶТ дар масъалаи «Бемазҳабӣ — замина ба сӯи ифротгароӣ» маърӯза намоянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






