«Масъалаҳои ташаккул ва фаъолияти мақомоти САҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-китоби нав
Роғун, 08.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мутахассиси Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Роғун Хуршеда Азиз китоберо бо номи «Масъалаҳои ташаккул ва фаъолияти мақомоти САҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таълиф намуда, рӯйи чоп овард. Китоби мазкур бо назардошти таърихи ташаккули мақомоти САҲШ таҳия гардида, мақсади асосии он аз нуқтаи назари илмӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додани таърихи пайдоиш ва ташаккули САҲШ, муайян намудани мавқеи он дар низоми идоракунии давлатӣ мебошад. Дар китоб инчунин аҳамияти фаъолияти мақомоти САҲШ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд муайян гардида, зарурати бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ баён шудааст.
Инчунин китоби «Масъалаҳои ташаккул ва фаъолияти мақомоти САҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба донишҷӯён, аспирантон ва омӯзгорони факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти САҲШ барои омӯзиш тавсия шудааст.