Мастчоҳ: 60-солагии азхудкунии дашти Дилварзин

Февраль 13, 2016 10:34

Душанбе, 13.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 60-солагии азхудкунии дашти Дилварзин (ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Мастчоҳ) дар китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба номи Қувват Давлат бо иштироки адибон, олимон, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои маркази ноҳия конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Мастчоҳ: Аз дирӯзи дашт то имрӯзи Бӯстон» баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Дилшод Зокиров зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории конфронси имрӯза шинос кардани насли ҷавон бо заҳмати фидокоронаи падарону бобоён аст, ки аз диёри файзбахши Кӯҳистони Мастчоҳ ба дашти лабташнаву сӯзони Дилварзин омада, онро зархезу гулистон кардаанд. Мавсуф афзуд, ки махсусан дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ авҷ гирифта, иншооти наву замонавӣ бунёд гардиданд. Имсол низ тибқи нақша дар маркази ноҳия — шаҳраки Бӯстон муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд ёфта, боғи истироҳатӣ, фаввораҳои шаҳрак ва дигар иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд, ки бешак самари истиқлолияти давлатӣ мебошанд. М. Баҳодурзода, намояндаи МИҲД-и ноҳия хабар дод, ки дар моҳи март дар ҳудуди ноҳия 60-солагии азхудкунии дашти Дилварзин ҷашн гирифта мешавад. Маликнеъмат Неъматзода, сардори маҳфили адабии «Зарафшон» ва шоири шинохта дар мавзӯи «Мастчоҳ ва мастчоҳиён дар ашъори шоирони тоҷик» маъруза карда, аз ҷумла зикр намуд, ки меҳнати фидокорона ва зарбдори мардуми Мастчоҳ дар ашъори аксар шоирони машҳури тоҷик — Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ васф гардидааст. Фазлиддин Убайдов, номзади илмҳои филологӣ ва олими забоншинос гуфт, ки қисми зиёди калимаҳои осори гузашта дар лаҳҷаи мастчоҳиён маҳфуз мондаанд, ки далели таърихи ниҳоят куҳан доштани мардуми ин сарзамин мебошад. Ҳамчунин М. Умарзода, раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонҳои ҷаҳон «Пайванд» дар вилояти Суғд, шоирон А. Хуҷаста ва М. Гулов дар тақвияти гуфтаҳои дигарон зикр намуданд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ симои ноҳия сол то сол дигар гашта, Дилварзини дирӯза ба гӯшаи зебоманзар ва хушбоду ҳавои Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст.

Февраль 13, 2016 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд