Механизми маблағгузории мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман фаъол шуд
Душанбе, 3.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар ҳамкорӣ бо Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (БПМТИ) [азинаҳои сармоягузориҳои иқлимӣ имрӯз маросими ифтитоҳи расмии CLIMADAPT — Механизми маблағгузории мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро дар Тоҷикистон гузаронид. Механизми CLIMADAPT ба дастгирии оилаҳои тоҷик, корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар паси сар намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дастгирии гузариши кишвар ба иқтисоди «сабз» равона шудааст.
Роҳбари бахши мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими БАРТ Крейг Девис зикр намуд, ки онҳо ният доранд истифодаи технологияҳои муосирро ба роҳ монанд, то деҳқонон ва фермерон имкон пайдо кунанд, ки захираҳои обро оқилона истифода баранд. «Мо умедворем, ки шӯршавии заминҳоро то ҳадди ақал кам намоем. Ҳоло ин мушкилоти асосӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамасола заминҳои аз ҳосил берунмонда бештар шуда истодаанд. Мо бовар дорем, ки бо кумаки бахшҳои хусусӣ ба тағйирёбии иқлим таъсири мусбат мерасонем»,- илова намуд Крейг Дэвис.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим дар минтақаи фаъолияти БАТР маҳсуб мешавад. Тағйирёбии иқлим, боришот ва маҷрои об метавонанд ба иқтисодиёти кишвар таъсири назаррас расонанд. Ғайр аз ин, тағйироти мазкур метавонад ба баландшавии сатҳи шӯршавии хок оварда расонад.
Бино ба гуфтаи масъули CLIMADAPT-и БАРТ Бахтиёр Мансуров лоиҳа дар ҳаҷми то 10 миллион доллари ИМА-ро тавассути ташкилоти маҳаллии ҳамшарики молиявӣ маблағгузорӣ мекунад. Маблағгузорӣ аз ҷониби БАТР ва Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (БПМТИ) хазинаҳои сармоягузориҳои иқлимӣ таъмин мегардад. «Имрӯз се ҳамшарики маҳаллӣ- Бонки Эсхата, ТҚХ «Ҳумо» ва «ИМОН Интернейшнл» аллакай созишнома оид ба иштирок дар механизми CLIMADAPT-ро ба имзо расониданд.
Ғайр аз ин, бо мақсади қабули технологияҳо ва таҷрибаҳое, ки шурашавии хок ва фишор ба захираҳои об ва энергетикиро паст мекунанд ва барои ташаккули устувории иқлим дар Тоҷикистон муҳиманд, маслиҳатҳо медиҳанд. Маблағгузории ин чорабиниҳои ҳамкории техникӣ аз ҷониби Департаменти Британияи Кабир (DFID) оид ба рушди байналмилалӣ таъмин мегардад»,-илова намуд Б.Мансуров.
Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ва чӣ тавр механизми CLIMADAPT метавонад технологияҳои таъмини устувор ба тағйирёбии иқлимро ба бахши хусусии Тоҷикистон дастрас намояд, баррасӣ гардид.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






