Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо Ҳидает Бишчевич
Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Намояндаи доимӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич мулоқот кард.
Тавре ки таъкид шуд, Иттиҳоди Аврупо аз шарикони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар доираи амали «Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёоҷонибаи байниҳукуматии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои иттиҳод таҳким бахшида мешавад.
Ҷонибҳо доир ба масоили рушди муносибатҳо дар бахши беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир табодули афкор карда, дар доираи татбиқи «Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2014-2020» ба роҳ мондани ҳамкории байниҳукуматии манфиатбахшро дар соҳаҳои иҷтимоӣ низ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






