Мулоқоти Пешвои миллат бо вазири давлатии Британияи Кабир
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейнро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир баррасӣ шуд.
“Ҳоло миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир робитаҳои устувори дӯстию ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки боиси қаноатмандии мост” — таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳо табодули андеша карда, барномаҳои соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисоди деҳот, бахши хусусӣ, диверсификатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои нави кориро афзалиятнок донистанд”.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои парлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстии миёни мақомоти қонунгузории ҳарду кишвар, ташкили барномаҳои омӯзиши теъдоди муайяни ҷойҳои таълимии яксола дар донишгоҳҳои таҳсилоти олии Британияи Кабир ва рушди ҳамкории фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Британияи Кабир барои дастгирӣ аз татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ва ҷудо намудани 37 млн. доллари амрикоӣ барои ин ҳадаф арзи сипос намуд.
Мусоидат ба таъмини амну суботи минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дар муносибатҳои ҳамкории ҳарду кишвар аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Дар мулоқот инчунин вобаста ба таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муфид гуфтугӯйи судманд доир гардид.











Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






