Мулоқоти роҳбарони мактабҳои олӣ бо хатмкунандагони ноҳияи Б. Ғафуров
Б. Ғафуров, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз наздик ба 300 нафар хатмкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сарварони мактабҳои олӣ дар толори қасри фарҳанги ноҳия мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ директори ДПДТТ Дилафрӯз Сангинова зимни вохурӣ аз шароити хуби таълимиву моддии донишкада ҳарф зада, баён дошт, ки бо мақсади тақвият бахшидани сатҳ ва сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои баландихтисос соли равон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ихтисоси замонавӣ- идораи захираҳои иттилоотӣ ва низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо иҷозатномаи фаъолият дода шуд.
Инчунин директори ДИС ДТТ Ином Аминов аз ҷараёни таълим бо се забон дар муассисаи худ изҳори хушнудӣ карда, иброз дошт, ки робитаро бо устодони донишгоҳҳои хориҷӣ вусъат бахшидаанд ва онҳо ба донишу забондонии шогирдони донишкада баҳои баланд доданд.