Мулоқоти шаҳрдори Конибодом бо кишоварзон
Конибодом, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар кохи «Мошинсозон»-и шаҳри Конибодом раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ бо кишоварзон мулоқот орост.
Ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом раиси шаҳр зимни мулоқот бо кишоварзон ба онҳо барои фаъолияти пурсамарашон дар соли 2015 сипосгузорӣ карда, ҳамзамон оид ба масъалаҳои таъминот бо об, пардохти андоз, афзун намудани истеҳсоли гӯшт, истифодаи самараноки замин ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳа тавсияҳо дод. Дар мулоқот таъкид шуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша омода аст дар ҳалли ҳама гуна муаммоҳо мусоидат намояд.