Мулоқоти судманд бо собиқадорони Қайроққум
Қайроққум, 19.02.2016. (АМИТ “Ховар”).-18 феврал дар мақомоти маҳаллии шаҳри Қайроққум мулоқоти судманд бо иштироки раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ва ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як гурӯҳ собиқадорони шаҳр доир гардид.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Рустами Одизода, масъули хадамоти матбуотии раиси шахр хабар дод, раиси шаҳр роҷеъ ба мақом ва саҳми собиқадорон дар ҳаёти ҷомеа ва густариши корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ зикр дошт, ки фаъолияти пурмаҳсули онҳо дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр бағоят назаррас ва таҷрибаи бою беназири онҳо намунаи ибрати насли имрӯз мебошад.
Ёрдамчии бахш оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Шуҳрат Бӯриев ва сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Тоҳир Баротов доир ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорон, хизматҳои беназири онҳо дар ҳаёти ҷомеаи навини давлатдории тоҷикон сухан гуфтанд.
Собиқадорони меҳнат аз сиёсати ояндасоз ва оқилонаи Пешвои миллат пуштибонӣ намуда, ба Ҳукумати кишвар барои дастгирии собиқадорон арзи сипос намуда, омодагии худро дар раванди тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватандӯстӣ, таблиғи ғояҳои миллӣ иброз доштанд.