Мулоқоти Қурбонзода Бег Хол бо Даниэл Шербан

Февраль 19, 2016 09:44

Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- 18 феврали соли 2016 дар доираи чорабиниҳои Лоиҳаи USAID оид ба идораи маҳаллӣ дар Тоҷикистон вохўрии Қурбонзода Бег Хол, муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Даниэл Шербан, директори лоиҳа, пудратчии USAID ва гурӯҳи намояндагони лоиҳа баргузор гардид. Дар ҷараёни вохўрӣ Даниэл Шербан ҳадафи мулоқоти худро вобаста ба баррасии масъалаҳои «Рушди бахши таъминоти оби нўшокӣ дар Тоҷикистон, масъалаи рақобатнокӣ ва ғайриинҳисории хизматрасонӣ» ва «Сафари омўзишии аъзои гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба ҷорӣ намудани буҷаи шаҳраку деҳот дар асоси пилотисозӣ» баён намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои мазкур ба роҳ мондани ҳамкориро бо Кумита мувофиқи мақсад ҳисобид. Дар ин робита, Қурбонзода Бег Хол иброз дошт, ки барои таъмини иҷрои лоиҳаҳои номбурда дар кумита фазои хуби ҳамкорӣ фароҳам аст ва мутахассисони кумита ва Лоиҳаи USAID метавонанд ба ин чорабинӣ ҷалб шаванд.
Ҳарду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориро дар самтҳои дахлдор устувор намоянд ва аз механизм ва стратегияҳои «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» самаранок истифода баранд.

Февраль 19, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд