Муродзода Дустмурод: «Соли 2015 барои вайрон кардани қонун зимни баррасии парвандаҳо 2 нафар судя аз кор озод гардид»
Душанбе,1.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Соли 2015 барои вайрон кардани қонун зимни баррасии парвандаҳо ё барои содир намудани рафторе, ки ба қадру номуси судя доғ мерасонад, 2 нафар судя аз вазифаш сабукдӯш гардид»,- иброз намуд раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Дустмурод Ҳайит имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи Муродзода Дустмурод дар ин давра аз шумораи умумии кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳурӣ 92 нафар бо хоҳиши худ ва 44 нафар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳо озод гардида, барои содир намудани омилҳои коррупсионӣ 4 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, аз мансаби ишғолнамуда озод шудаанд.
«Ҳамзамон барои меҳнати софдилона ва хизматҳои шоён тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар раисону судяҳои ҷумҳурӣ бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардиданд»,-илова намуд раиси Шӯрои адлия.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






