Н. Ҳикматуллозода: «Оид ба ҷилавгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуданд»

Февраль 4, 2016 14:40

Душанбе, 04.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- «Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2015 ба 48,4 миллиард сомонӣ, рушди воқеии он ба 6 фоиз баробар гардид»,-гуфт имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон Неъматулло Ҳикматуллозода -вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Вазир доир ба фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли гузашта гузориш дода, зикр кард, ки рушди мусбати иқтисоди ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 21,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 11,2 фоиз, гардиши савдои чакана 5,5 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 3,2 фоиз ва боркашонию мусофиркашонӣ 2,1 фоизӣ таъмин карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 46,5 фоиз, ҳиссаи хизматрасониҳо беш аз 41 фоиз ва ҳиссаи андозҳо зиёда аз 2 фоизро ташкил дод.
Неъматулло Ҳикматуллозода инчунин доир ба ҷилавгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар шароити бӯҳрони молиявӣ ибрози назар карда, гуфт, ки бо ин мақсад аз аввали соли 2015 бо ибтикори Ҳукумати ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимоамалкунандаи дузинагӣ созмон дода шуд, ки зинаи дуюми он дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар фаъолият дорад. Дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои кории мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» таҳия гардида, он бо қарории Хукумати мамлакат тасдиқ карда шудааст. Аз ҷониби зинаи дуюми гурӯҳи корӣ дар ин давра ба ҳукумати кишвар доир ба ҷараёни иҷрои тадбирҳои нақша ва маводи таҳлилӣ роҷеъ ба вазъи бахшҳои иқтисоди миллӣ маълумот ироа гардидааст.

Февраль 4, 2016 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд