Намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар маркази шаҳри Хуҷанд намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад. Шанбеи гузашта низ намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид ва дар он кишоварзону деҳқонон ва зироаткорони ноҳияҳои кишоварзии вилоят маҳсулоти худро аз қабили картошкаю сабзӣ, пиёзу шалғам, биринҷу равғанро пешкаши харидорон намуданд.
Сокинони маркази вилоят ва харидорон аз маҳсулоти босифату тозаи деҳқонон харид намуда, аз нархҳои нисбатан арзон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ин рӯз харидорон имкон доштанд маҳсулоти гуногунро бо нархҳои то 25 фоиз арзон нисбат ба нархҳои муқаррарии бозору марказҳои савдо харид намуда, барои истифодаи рӯзгор захира намоянд.
Дар намоиш — фурӯш нархи як килограм гӯшт то 26-27 сомонӣ, равған 10 сомонию 20 дирам, сабзӣ 80-90 дирам, пиёз 1 сомонӣ -1сомонию 50 дирам, картошка 1 сомонӣ 20 дирам- 1 сомонию 90 дирам, биринҷ 6 -6 сомонию 50 дирам арзиш дошт.