Насби 8 ҳисобкунаки барқии электронӣ дар Роғун
Роғун, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Барои давраи зимистон ба шабакаҳои барқии шаҳри Роғун як трансформатори иловагии 400 кв насб гардид, ки он барои кам кардани бори трансформаторҳо хизмат мерасонад. Инчунин 8 ҳисобкунаки барқии электронӣ барои муайян намудани хароҷоти барқи аҳолӣ ба ИТ васл карда шуд. Шабакаҳои барқии шаҳри Роғун соли сипаригардида 136 669 256 квт. неруи барқро аз ҷумҳурӣ қабул намуданд. Қарзи неруи барқ дар соли гузашта 6 млн. 139 ҳазору 340 сомониро ташкил медод, ки 418 ҳазору 350 сомонии он ба аҳолӣ рост меояд.
Қарзи корхонаҳои шаҳр 5 млн. 720 ҳазору 990 сомониро ташкил медиҳад.