Нашри китоби нодир
Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба 3000- солагии Ҳисор беш аз 40 китоби гуногун интишор ёфт, ки девони ғазалиёти Ҷазбии Ҳисорӣ аз ҷумлаи онҳост. Мураттиб ва баргардонанда аз ҳуруфи форсӣ — арабӣ ба кириллӣ шарқшиноси пуркору ҷўянда Акрамзода Сайфиддин мебошад.
Китоби мазкур хонданбоб буда, ҳаёти адабии охирҳои асри 18 ва аввали асри 19-и доираи адабии Ҳисори шодмонро равшан менамояд. Ашъори диловези Ҷазбии Ҳисорӣ солҳои сол мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор дошту дорад. Ӯ зодаи деҳаи Хоҷачилдиёри ноҳияи Ҳисор будааст.