Норак: даъват ба ҳифзи ҳувияти миллӣ
Норак, 13.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-12 феврали соли равон мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии вилояти Хатлон Сафарбек Шарифзода, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Беҳрўз Бобоев ва масъулини мақомоти иҷроияи шаҳри Норак бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Дўконию Пули Сангини шаҳри Норак вохӯрӣ баргузор намуданд. Ҳадафи мулоқот иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, инчунин риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда, ҳамзамон пешгирии амалҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили худкушию сўиқасд ба ҷони худ буд.
Зимни вохӯрӣ масъулин сокинонро ба ободкорию созандагӣ даъват намуда, онҳоро ба тарбияи насли наврас дар рўҳияи хештаншиносию илмомўзӣ, гиромидошти забону фарҳанг ва ҳифзи ҳувияти миллӣ даъват намуданд.