Норак: «Маркази машваратӣ-иттилоотӣ» фаъол аст

Февраль 2, 2016 17:39

Норак, 02.02.2016. (АМИТ “Ховар”).- Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон дар назди бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо қарори раиси шаҳри Норак аз соли 2010 «Маркази машваратӣ-иттилоотӣ» ташкил  шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд ба он муроҷиат намуда, ройгон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ гиранд.
Дар соли 2015 дар шаҳри Норак 134 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 ҷиноят зиёд мебошад.
Дар ин давра аз тарафи 7 зан 12 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 5 ҷиноят зиёд мебошад.
Ҳамчунин 12 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 4 нафар ҳалок ва 11 нафар  ҷароҳати ҷисмонии гуногун бардоштаанд ва аз тарафи ноболиғон 4 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 — 6 ҷиноят кам мебошад.

Февраль 2, 2016 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»