Нуробод: Вохӯриҳо бо мақсади тавзеҳи муҳтавои Паём
Нуробод, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси супориши раиси ноҳияи Нуробод Дӯстзода Ҳасан гурӯҳҳои корӣ ҳамроҳ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, шахсони собиқадору обрӯманди ноҳия барои таблиғу ташвиқ ва расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чойхонаҳои ҷамъиятию фарҳангӣ ва маҷлисгоҳҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занону ҷавонон вохӯриҳо доир намуда, оид ба пешгирию бартараф намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб сухан гуфта, дар ин замина тамоми қишри ҷомеаро ба ваҳдату ягонагӣ, волоияти қонун, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, ба танзим даровардани тӯю маъракаҳо, устувории оилаҳо, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба ободкорию бунёдкорӣ даъват намуданд.