Оғози машғулияту вохӯриҳо бо хатмкунандагон
Душанбе, 01.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — Ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказ тибқи “Тартиби баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Курси омӯзишии низоми ИМД-ро дар се сатҳ — ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ/ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимии дахлдор ташкил мекунанд. Курси мазкур аз рӯи маводи иттилоотиву методии омодакардаи марказ: дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб” ва “Барнома ва модули курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ”, ки ба тамоми муассисаҳои таълимии дахлдор ройгон тақсим шудаанд, гузаронида мешавад. Инчунин дар баробари маводи иттилоотии мазкур, ба муассисаҳои таълимӣ Маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест ва диск (намунаи электронии маводи лозимӣ) тақсим шудааст.
Курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 18-20 январ ва шаҳр/ноҳияҳо 27-29 январ (дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони марказ, дар сатҳи шаҳр/ноҳияҳо аз ҷониби таблиғгарони омӯзонидашуда — кормандони раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи кишвар) аллакай гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, барои чорабинии мазкур 92 намояндаи раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи кишвар ҷалб гардидаанд.
Мутобиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ 1-уми феврали соли 2016 дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ шурӯъ мегардад. Ёдовар мешавем, ки курси омӯзишро барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ муаллимони онҳо, ки дар сатҳи шаҳр/ноҳияҳо барои омӯзиш ҷалб шуда буданд, доир менамоянд.
Аз ҷониби кормандони марказ бо хатмкунандагон, инчунин бо муаллимон ва падару модарони эшон аз 2-юм то 29-уми феврали соли равон вохӯриҳо баргузор мешаванд. Ба падару модарони хатмкунандагон тавсия дода мешавад, ки дар бораи ҷадвали баргузории вохӯриҳо аз муассисаҳои таълимӣ маълумот гирифта, дар онҳо иштирок намоянд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






