Оҳуи холдор дар дараи Қаратоғ
Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Табиати зебои дараи Қаратоғ ҷойи дўстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор дорад. Хоҷагии ҷангалу шикори Қаратоғ дар кори барқароркунӣ ва бунёди ҷангалзори нав саҳми муносиб дорад. Хоҷагиро марди чашмикордону табиатдўст Маҳмадназар Тўраев сарвар аст. Алҳол кормандони хоҷагӣ ба шинонидани 2,5 ҳазор тухми бодоми бухороӣ ва беш аз 2 ҳазор дарахтони гуногуни мевадиҳандаи ороишӣ машғуланд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин ҷо 220 сар оҳуи холдор парвариш меёбад. Имсол кормандони хоҷагӣ дар масоҳати 50 гектар будубоши оҳувонро васеътар намуда, мақсад доранд теъдоди онҳоро боз ҳам афзун намоянд.